Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори радиои Озодӣ дар Беларус ҷаримабандӣ шуд


Ҳалина Абакунчик дар додгоҳ

Ҳалина Абакунчик дар додгоҳ

Хабарнигори бахши Беларусии радиои Озодӣ Ҳалина Абакунчик, ки барои ширкат дар намоиши эътирозии ғайримуҷоз муттаҳам шудааст, аз ҷониби додгоҳ ба пардохти ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Ворша рӯзи 13 март ҳукм кард, ки Абакунчик бояд барои ин гуноҳаш 300 доллар пардохт кунад. Ҳалина Абакунчик дар додгоҳ гуфт, ки ҳеҷ гуноҳ надорад ва лаҳзае, ки аз ҷониби полис боздошт шуд, ба иҷрои масъулиятҳои кории худ – пӯшиши хабарии эътирози мардум аз қонуни баҳсбарангези муҷозоти муфтхӯрон машғул буд.

Абакунчик гуфт, ки полис бидуни он ки ба ӯ ҳақи намоиши корти журналистиашро бидиҳад, вайро боздошт кард ва давоми чанд соат дар идораи полис нигоҳ дошт. Вай гуфт, ки полис ҳатто баъди он ки ӯ ба журналист буданаш пойфишорӣ кард, ба ҳарфи ӯ гӯш надод. Дар баробари фаъолони ҷамъиятиву сиёсӣ дар Ворша рӯзи 12 март инчунин чанд журналист ҳам боздошт шудааст.

Эътирози мардум баъди он сар зад, ки президент Аляксандр Лукашенко қонуни муҷозоткунандаи ба истилоҳ “муфтхӯрони ҷамъиятӣ”-ро муаррифӣ кард ва гуфт, ки ин нафарон бояд барои бекориашон ҷарима супоранд. Ҳарчанд баъдан президент иҷрои ин қонунро то соли 2018 мавқуф гузошт, мардум ба хиёбонҳо рехта аз беадолатӣ эътироз карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG