Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ раҳбари коммунистҳои Косово аз сӯиқасде ҷон ба саломат бурд


Собиқ раҳбари коммунистҳои Косово дар як ҳамлаи мусаллаҳонае маҷрӯҳ шудааст. Полис гуфт, ҳодисае, ки рӯзи 13 март дар манзили Азим Власӣ дар Приштина рух дод, сӯиқасд буд. Собиқ раҳбари 68-солаи коммунистҳои Косово феълан ба ҳайси ҳуқуқшинос кор мекунад ва дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши Балкании радиои Озодӣ рӯзи 14 март гуфт, ки ҳамлагар дар даст силоҳи бесадо дошт ва ҳадаф дошт ӯро бикушад. Власӣ гуфт, ки ҷароҳатҳои ӯ ба ҳаёташ хатар надоранд. Ӯро барои муоинаву табобат ба бемористон интиқол доданд.

Ҳанӯз полис нагуфтааст, ки то куҷо ин ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсии гузаштаи ӯ дар мақоми раиси ҳизби коммунист ва ё ба корҳои имрӯзааш ба ҳайси ҳуқуқшинос рабт мегирад. То ин лаҳзаҳо мақомоти додситонӣ ду гумонбарро аз рӯи ин ҳодиса боздошт кардаанд. Солҳои 1980-ум замони дар қаламрави Сербия будани Косово - Власӣ яке аз раҳбарони сиёсии ин минтақа буд. Ӯ дар садри ҳаракатҳои ҷудоихоҳони албанитабори маҳаллӣ буд ва барои ҳақу ҳуқуқи бештар мубориза бурдааст. Солҳои баъдӣ ӯ ба ҳаракатҳои албанитаборони Косово барои расидан ба истиқлолият ҳамроҳ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG