Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба автобуси кормандони ширкати мухобиротӣ дар Кобул


Дар натиҷаи таркише, ки рӯзи 13 март ба автобуси кормандони як ширкати мухобиротӣ дар Кобул асар кард, як нафар кушта ва 19 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора Саддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар дод. Нирӯҳои амниятӣ атрофи автобуси таркидаи ширкати “Рӯшан Телеком”-ро муҳосира кардаанд, ки ба назар мерасад комилан сӯхта хароб шудааст. Эҳтимол меравад, ки таркиш дар натиҷаи бархӯрди автобус ба бомбаи дар роҳ ҷойгузоришуда рух додааст.

Аз рӯи ин қазия се гумонбар боздошт шудааст. Ин ҳодиса дар фосилаи камтар аз як ҳафта баъди таркиши хунине дар бемористони низомии шаҳри Кобул рух дод. Дар он ҳодиса, ки 30 кушта бар ҷой гузошт, афроди мусаллаҳ бо либоси тиббӣ дар тан вориди бемористон шуда ба сӯи беморону табибон оташ кушоданд. Мақомот ҳанӯз ин қазияро таҳқиқ мекунанд ва ҳанӯз иддаои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст, таъйид намекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG