Пайвандҳои дастрасӣ

Саидисо Азизов - гӯштигири беҳтарини Наврӯзи Новосибирск шуд


Акс аз бойгонӣ

Тоҷикони шаҳри Новосибирск дар Русия ба истиқболи ҷашни Наврӯз рӯзи 12 март мусобиқаи гӯштигирӣ баргузор карданд. Дар ин бора рӯзи 14 март Иброҳим Аҳмадов, намояндаи вазорати кори Тоҷикистон хабар додааст. Ин мусобиқа ба таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби созмонҳои фарҳангии «Дӯстӣ», «Ависенна» ва «Сомониён» ҳусни оғоз бахшидааст. Мусобиқа дар маҷмааи варзишии «Электрон»-и шаҳри Новосибирск бо иштироки гӯштигирони маҳаллӣ ва ҳам варзишгарони дигари тоҷик барпо шуд, ки аз манотиқи дигари Русия ба ин ҷо омаданд. Дар маҷмӯъ дар ин сабқат тахминан 100 варзишгар иштирок карда, барандаи кулли мусобиқот - Саидисо Азизов эълон шуд.

Дар чаҳорчӯби таҷлил аз Наврӯз инчунин ташкили намоишгоҳи маҳсулоти мардумӣ, либоси миллӣ ва намунаҳои ғизоҳои мардуми тоҷик дар назар аст, ки рӯзи 19 март барпо мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG