Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби боз ду соли зиндон барои Бузургмеҳр Ёров


Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ ба вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ду соли дигари ҳабс талаб кардааст. Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр, рӯзи 14 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин талаби додситонӣ дар робита ба парвандаи нави "беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" садо додааст. Додгоҳи олӣ мурофиаи ин парвандаро рӯзи 13 март дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор кард.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, ин қарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд.

Заррина Набиева гуфт, ки ба ин мурофиа модари Бузургмеҳр Ёров низ даъват шуда буд, вале бар асари беморӣ натавонистааст иштирок кунад. "Имрӯз як вакили дифоъ, ки гӯё аз Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекунад, дар мурофиа суханронӣ хоҳад кард. Ин вакил барои мо ношинос аст ва ному насаби ӯро намедонем. Баъд аз суханронии ӯ, додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафта ва баъдан ҳукмро эълон хоҳад кард", - афзуд ӯ.

Заррина Набиева

Заррина Набиева

Рустам Тақдирзода, муфаттиши Додситонии кулл ва Асомуддин Бобохонзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе қироати рубоии "Бо ин ду-се нодон..."-и Абӯалӣ ибни Синоро аз тарафи Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаҳои пешинааш ҳамчун таҳқир дар шаъни худ дониста, ба Додситонии кулл шикоят бурда буданд. Агар иддаои онҳо аз тарафи Додгоҳи олӣ пуштибонӣ ёбад, ба 23 соли зиндони Бузургмеҳр Ёров эҳтимол 2 соли дигар изофа шавад.

Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Баъдан мақомоти тафтишотӣ ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” айбдор донистанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум намуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, ин қарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ буда, дорои ангезаҳои сиёсист.

Ҳизби наҳзати исломӣ баъд аз ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ, дар моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ ва то кунун даҳҳо тан аз тарафдорону аъзояш боздошт ва аз ҷумла 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба ҳабси абад ва мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG