Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Омурбек Текебоевро 14 ҳазор доллар ҷарима кард


Албек Ибраимов
Албек Ибраимов

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 13 март даъвои шаҳрдори Бишкек Албек Ибраимовро зидди раиси ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев қонеъ кард. Додгоҳ қарор кард, ки Текебоев ба Ибраимов ҳамчун ҷуброн 1 миллион сом (муодили тақрибан 14 ҳазор доллар) пардозад.

Вакили дифои Текебоев Таалайгул Токтакунова мегӯяд, додгоҳ дархости ҷониби ҳимояро дар бораи ширкати раиси "Ота Макон" дар муҳокимаҳои додгоҳӣ рад кард. Токтакунова ва вакили дигари мудофеъ Канатбек Азиз бо нишони эътироз толори додгоҳро тарк карданд.

"Қарор бе ширкати мо қабул шудааст. Аз ҷониби мо касе ширкат накард. Мо ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят хоҳем бурд", - мегӯянд вакилони дифоъ.

Моҳи ноябри соли 2016 Ибраимов зидди Текебоев ба додгоҳ шикоят бурда, даъво кард, ки Текебоев дар суханрониҳояш моҳҳои сентябр-октябр шаъну эътибори кории ӯро паст задааст.

XS
SM
MD
LG