Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз фишор болои шаҳрвандони Эрон изҳори нигаронӣ кард


Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари СММ дар Эрон мегӯяд, ки дар ин кишвар ислоҳотхоҳон таҳти фишор, фаъолону наққошон пушти панҷара ва шумори зиёди мардуми дигар эъдом шудаанд ва ин вазъ ҷиддан мавриди ташвиш аст. Гузорише, ки аз вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи башар дар Эрон бозгӯ мекунад ва рӯзи 13 март нашр шуд, дар остонаи интихоботи ин кишвар, ки рӯзи 19 май баргузор мешавад, муаррифӣ гардид. Асмо Ҷаҳонгир, гузоришгари вижаи СММ дар умури Эрон дар ҷаласаи шӯрои ин созмон дар Женева гуфт, ки гузоришҳои дарёфтии онҳо дар бораи назорати шадиди ҳукумат аз болои фаъолияти шаҳрвандон далолат мекунад. Ҷаҳонгир ҳарчанд мушаххасан дар бораи интихобот чизе нагуфт, вале гуфт, се раҳбари мухолифин, ки натиҷаҳои интихоботи соли 2009-ро ба чолиш кашиданд, шаш соли охир бидуни иттиҳоми расмӣ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар соли 2016 нисбати 530 ва дар соли ҷорӣ 153 нафар ҳукми эъдом иҷро шуд. Ҳадди аққал панҷ нафаре, ки соли гузашта эъдом шудаанд, 18-сола набуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG