Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мухолифон дар Беларус барои эътироз аз қонуни муфтхӯрон


Дар паи намоишҳои эътирозии ахир барои андози баҳсбарангези бекорӣ дар Ҷумҳурии Беларус чанд намояндаи мухолифин ва ҳадди аққал се журналист боздошт шуданд. Ҳабсҳои ахир дар шаҳри шарқии Ворша иттифоқ уфтод. Дар ҷараёни намоиши эътирозии рӯзи 12 март дар ин шаҳр чандсад сокини маҳаллӣ бо шиорҳои зиддиҳукуматӣ ва зидди ҷоришавии андози нав ба хиёбонҳо рехтанд. Дар миёни боздоштшудаҳо - як раҳбари мухолифон Павал Северянетс ва ҳам як хабарнигори бахши Беларусии радиои Озодӣ ҳам мебошанд. Ин мардум дар Ворша ва ҳам ду шаҳри дигари Беларус алайҳи қарори муҷозоти мардум барои он чи ки президент Лукашенко ҳамчун “муфтхӯрии иҷтимоӣ” номида буд, эътироз карданд. Ташаббуси ҷоришавии андоз барои бекорӣ, ки соли 2015 ҷорӣ шуд, баҳсу норизоияти зиёдро ба бор овард. Мӯҳтавои ин андоз ҳамин аст, ки фарде, ки дар давоми сол камтар аз ним сол кор карда дар сохторҳои марбута худро ба қайд намегирад, бояд 200 доллар андозро ба фоидаи давлат пардохт кунад. Баъди он ки қарор қабул шуд, иҷрои он ба таъхир уфтод. Вале баъди қонунӣ шудани ин қарор дар саросари Беларуси иборат аз 10 миллион аҳолӣ, эътирозҳо сар зад.

XS
SM
MD
LG