Пайвандҳои дастрасӣ

Блогнавис барои "покемонбозӣ" дар дохили калисо муҳокима мешавад


Як блогнависи рус, ки дар дохили калисои провославӣ ба бозии компютерии «Pokemon Go» машғул шудааст, рӯзи 13 март дар додгоҳ барои авбошӣ ва таҳқири арзишҳои мазҳабӣ ҳозир шуд. Руслан Соколовский моҳи сентябр баъди он боздошт шуд, ки навори видеоии бозиаш дар дохили калисои Екатеринбургро дар як рӯзи моҳи август дар шабакаи Интернет нашр кард. Саҳифаи видеоии Соколовский дар YouTube 300 ҳазор муштарӣ дорад. Баъди ин гузориш телевизиони давлатии Русия ӯро ҳушдор дод, ки дар дохили муассисаи динӣ “покемонбозӣ накунад”. Баъди ин муфаттишон ӯро барои нақзи арзишҳои мазҳабӣ муттаҳам карданд. Айни чунин иттиҳомро соли 2012 нисбати аъзои гурӯҳи мусиқии Pussy Riot татбиқ ва онҳоро ба мӯҳлати ду соли зиндон маҳкум карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG