Пайвандҳои дастрасӣ

Интизор меравад, Иттиҳодияи Аврупо таҳримот ба зидди даҳҳо нафар аз афрод ва муассисаҳо дар Русияро ба далели ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014 тамдид кунад. Бар асоси қарори иттиҳодия аз рӯзи 13-уми март, таҳримот ба зидди 150 нафар ва 37 муассисае, ки ба қавли Иттиҳодияи Аврупо дар амалҳо ба зидди тамомияти арзии Украина нақш доранд, тамдид карда мешавад.

Иттиҳодияи Аврупо баъди ғасби нимҷазираи Қрими Украина дар соли 2014 баъзе шаҳрвандони Русияро аз ҳаққи сафар ба Аврупо маҳрум кард ва ҳисобҳо ва моликияти онҳоро масдуд кард. Баъдан ин таҳримотро бо қарорҳои алоҳида бештар карданд.

Аз ҷумла Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия, Сергей Глазев, мушовири раиси ҷумҳур Владимир Путин, Валерий Герасимов, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Дмитрий Киселев, хабарнигори рус дар ин феҳраст шомил ҳастанд. Даҳҳо ширкати дигари русӣ аз ҷумла ширкатҳое, ки дар Қрим кор мекунанд, бахши дигаре дар феҳрасти таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG