Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ: 652 кӯдак дар Сурия соли 2016 қурбони ҷанг шудааст


Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар гузориши охираш менависад, ки соли 2016 дар Сурия бештар аз 650 кӯдак қурбони ҷанг шудааст. Ба иттилои созмони мазкур, давоми се соли охир, ки омори маргу мир сабт мешавад, ин шумори рекордӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта бевосита дар дохил ё наздики мактабҳо ҳадди ақал 255 кӯдак кушта шудаанд. Бар илова садҳо тани дигар аз бемориҳое, ки мумкин буд, бо дарёфти дору ва табиб шифо ёфт ва ҷони онҳоро наҷот дод, фавтидаанд, омадааст дар гузориш.

Бино бар гузориши ЮНИСЕФ, соли гузашта ҳадди ақал 852 кӯдак маҷбур буд, ки аз ҷониби яке аз гуруҳҳои мусаллаҳ дар ҷангҳо ширкат кунад. Ин нишондод нисбати соли 2015 ду баробар бештар аст.

Наздики 6 миллион кӯдак дар Сурия муҳтоҷи кумакҳои башардӯстона ва 250 ҳазори дигар дар минтақаҳои муҳосирашуда аз ин кумакҳо маҳруманд. Тақрибан 2 миллион кӯдаки сурёнӣ имкон надоранд, ки ба мактаб раванд.

Низоъи мусаллаҳона дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 инҷониб идома дорад. Дар ин муддат бештар аз 300 ҳазор одам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG