Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳмонхонаи "Ак Кеме"-и Бишкек дубора дар гирдоби баҳсҳо афтод


Кормандони меҳмонхонаи "Ак Кеме"-и шаҳри Бишкек бо нашри муроҷиатномае Бунёди идораи амволи давлатиро дар ғасби меҳмонхона айбдор карданд.

"Бунёди идораи амволи давлатӣ баҳсҳои давомдори додгоҳиро сарфи назар мекунад. Мақомот ба хотири фаъолшавии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳафтаҳои охир ба амалҳои ғайриқонуниаш суръат бахшидааст. Дар меҳмонхона анҷумани мухолифон баргузор мешавад, ин ҷо идораи нашрияҳои мустақил ва идораи ҳизбҳои сиёсӣ ҷойгир аст", - менависанд кормандони меҳмонхона.

Кормандони меҳмонхона мегӯянд, барои дифоъ аз ҳуқуқҳояшон то зинаҳои болоии додгоҳ, ҳатто додгоҳҳои байналхалқӣ муроҷиат хоҳанд кард.

Мудири ширкати давлатии "Мулк" Орозбек Нусувалиев ин айбҳоро рад мекунад. Ба гуфтаи Нусувалиев, намояндагони "Мулк" барои тафтиши кори меҳмонхона рафтаанд.

"Гап дар бораи ғасби худсарона намеравад. Сарфи назар аз он ки меҳмонхона бо маблағи давлат сохта шудааст, ҳеч даромаде намеорад. Мо барои баррасии ин масъала ба он ҷо рафтем, аммо роҳбарияти меҳмонхона дар ҷои кор ҳузур надоштанд. Мо хадамоти бехатариро огоҳ кардему баргаштем. Ин масъалаҳо танҳо бо роҳи қонун ҳал мешаванд", - мегӯяд Нусувалиев. Ба гуфтаи вай, ин моҷаро ҳеч ангезаи сиёсие надорад.

Меҳмонхонаи "Ак Кеме" дар даврони истиқлолияти Қирғизистон бо кумаки Туркия сохта шудааст. Чанд сол аст, ки баҳсҳои додгоҳӣ атрофи меҳмонхона хомӯш намешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG