Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон январи 2018 раҳбари Шӯрои амнияти СММ мешавад


Вазири умури хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов мегӯяд, кишвараш моҳи январи соли 2018 Шӯрои амнияти СММ-ро раҳбарӣ хоҳад кард.

Абдураҳмонов дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки ин раёсати давраии якмоҳа "авҷ"-и узвияти ғайридоимии Қазоқистон дар Шӯрои амният хоҳад буд.

Ба гуфтаи Абдураҳмонов, таҳти раҳбарии Қазоқистон Шӯрои амният дар робита ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистон қатънома ё изҳорот пахш хоҳад кард.

Шӯрои амнияти СММ 5 узви доимӣ дорад, ки Русия, ИМА, Чин, Бритониё ва Фаронса ҳастанд. 10 узви дигари ғайридоимиии он барои ду сол интихоб мешаванд. Моҳи равон раҳбарии Шӯрои амниятро Украина ба Бритониё супурд.

Қазоқистон дар кори Шӯрои амнияти СММ аз 1 январи соли равон ба ин сӯ ҳузур дорад. 2 март аз узвияти Остона дар ин созмон 25 сол пур шуд.

XS
SM
MD
LG