Пайвандҳои дастрасӣ

Дар садамаи Ваҳдат 7 нафар ҳалок ва 19 тан захмӣ шудаанд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар ноҳияи Ваҳдат на 8 балки 7 нафар ҷон додаанд ва 19 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Вазорат рӯзи 13-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, гурӯҳе аз сокинон савори автомашинаи "ЗИЛ-130" аз қабристони ҷамоати деҳоти Баҳор бармегаштанд, ки ронандаи 41-сола аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада ва мошин чаппа шудааст.

Ба гуфтаи вазорат, 6 мусофири мошин, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд ва 19 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз захмиён дар беморхона ҷон додааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Шоҳидони ҳодиса қаблан ба матбуот гуфтанд, ки дар натиҷаи садама 8 нафар ҷон додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG