Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд"-у "Регар" пирӯз шуданд, "Вахш" шикаст хӯрд


Бозии Хуҷанд ва Вахш дар рӯзи 12-уми март.
Бозии Хуҷанд ва Вахш дар рӯзи 12-уми март.

Рӯзи якшанбеи 12-уми март ду бозии даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:0, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи мизбон - «Барқчӣ»-и Ҳисор - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Дар бозии “Хуҷанд” бо “Вахш” ҳисобро Дилшод Бозоров боз кард. Вай дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 33-юм, тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд. Голи дуюми мизбононро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 66-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд.

Дар бозии дигари даври дуюми мусобиқа миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Барқчӣ” голи ягона дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 65-ум, зада шуд. Голи меҳмонон ба Фирӯз Раҳматов мутааллиқ аст.

Бозии сеюми даври дуюми мусобиқаи лигаи олӣ 13-уми март байни дастаҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва “ Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Вахш» – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 33 – аз пеналтӣ (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 66 (2:0).

Огоҳонида шуданд: Ҳикматулло Расулов, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), Аъзамҷон Муродов, Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

12 март. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Фирӯз Раҳматов, 65.

Огоҳонида шуданд: Мӯҳсин Парпиев, Амирҷон Сафаров, Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»), Расул Файзов, Бахтиёр Қаландаров, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

12 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

13 март (душанбе)

Оғози бозӣсоати 16:00

«Панҷшер» – «Ҳосилот»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

1

0

2-1

4

2

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

6-0

3

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

3-2

3

4

«Ҳосилот» (Фархор)

1

1

0

0

2-1

3

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

1

0

1

0

1-1

1

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2

0

1

1

0-2

1

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

1

0

0-0

1

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

0

0

2

0-7

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»)

– 2-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG