Пайвандҳои дастрасӣ

Тарафдорони Эрдӯғонро дар Роттердам пароканда карданд


Раъйпурсӣ дар Туркия рӯзи 16-уми апрел баргузор мешавад.

Раъйпурсӣ дар Туркия рӯзи 16-уми апрел баргузор мешавад.

Нерӯҳои пулиси Ҳолланд ҳамоиши садҳо нафар аз тарафдорони Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркияро аз назди консулгарии ин кишвар дар шаҳри Роттердам пароканда карданд.

Хабаргузории Франс Пресс рӯзи 12-уми март гузориш дод, ки теъдоди зиёди маъмурони пулиси Ҳолланд, аз ҷумла маъмурони аспсавор бо истифода аз мошинҳои обпош бо ҳаракат ба самти гирдиҳамомадагон ба парокандаи кардани онҳо шурӯъ карданд.

Таҳаввулоти субҳи рӯзи 12-уми март, ба танишҳои лафзӣ байни ҳукумати Туркия ва Ҳолланд афзуд. Моҷаро байни ду тараф баъд аз он шурӯъ шуд, ки мақомоти Ҳолланд ба ду вазири Туркия иҷоза надоданд, дар гирдиҳамоии тарафдорони раъйпурсии моҳи оянда дар Туркия ширкат кунанд.

Мақомоти Ҳолланд мисли мақомоти дигар кишвар ва шаҳрҳои Аврупо ба гирдиҳамоӣ бо ширкати сиёсатмадорони баландпояи Туркияро, ки мехостанд, мардумро ба раъйдиҳӣ дар раъйпурсии моҳи оянда ташвиқ кунанд, иҷоза надоданд. Ҳадаф аз ин раъйпурсӣ тақвияти салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Туркия аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG