Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти кандашудаи Фарҳодро ба ҷояш пайванд кардаанд


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ.
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ.

Ҷарроҳони тоҷик дасти як ҷавонеро, ки дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ваҳдат аз баданаш ҷудо шуд, дигарбора ба ҷояш пайванд кардаанд ва изҳори умедворӣ кардаанд, ки ӯ шифо ёбад.

Зарина Низомова, яке аз хешовандони Фарҳоди 32-сола, сокини шаҳри Ваҳдат рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи садамаи маргбори рӯзи 11-уми март дар ноҳияи Ваҳдат, як дасти Фарҳод аз китфаш ҷудо шудааст. “Ӯро ба дар ҳолати бисёр вазнин ба шифохонаи “Медгородок” оварданд, беҳуш буд, мо намедонистем чӣ кор кунем.”

Вале ба гуфтаи ӯ гурӯҳи табибон саривақт Фарҳодро ҷарроҳӣ карданд ва “субҳи имрӯз хун дар дасти ӯ ба гардиш омад ва набзаш ҳам метапид”, ки ба гуфтаи табибон аломати бисёр хуб аст. Ба гуфтаи Зарина Низомова, ҷарроҳии дасти Фарҳод тақрибан 10 соат идома кардааст ва ӯ субҳи 12-уми март ба ҳуш омадааст, ҳарчанд зери таъсири доруҳои таскиндиҳандаи дард гап зада наметавонад.

Зарина Низомова мегӯяд, бовар надоштанд, ки дасти Фарҳодро аз нав пайваннд мекунанд ва аз ин рӯ аз табибон сипосгузор аст, ки “вазифаашонро содиқона ва бо касбияти баланд” иҷро кардаанд. Фарҳод рӯзи 11-уми март дар ҳамон садамае ҷароҳат бардошт, ки дар натиҷаи он бино ба гузоришҳо 8 нафар кушта шуданд ва 13 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Як мошини борбари Зил, дар он рӯз баъди маросими дафни як сокини шаҳри Ваҳдат, бо бештар аз 20 нафаре, ки болояш буданд, ба сабаби аз кор мондани тормозаш ба дарахт бархӯрдааст. Мақомот мегӯянд, сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG