Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 миллион нафар дар чаҳор кишвари ҷаҳон бо қаҳтӣ рӯ ба рӯянд


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҷаҳон бо бузургтарин бӯҳрони инсонӣ аз замони таъсиси ин созмон дар соли 1945 то кунун дар чаҳор кишвар рӯ ба рӯ шудааст, ки бар асоси он 20 миллион нафар бо гуруснагӣ ва қаҳтӣ мувоҷеҳанд. Стивен О'Брайен, масъули бахши башарии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 10 март дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон гуфт, «бидуни талоши дастҷамъӣ ва ҳамоҳангии ҷаҳонӣ, мардум ба содагӣ аз гурснагӣ хоҳанд мурд». Вай афзуд, Яман, Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ ва шимоли шарқи Нигерия бо ин бӯҳрон рӯ ба рӯянд. Оқои О’Брайен афзуд, «барои возеҳ будан дар ин маврид метавонем ҷилави қаҳтӣ дар Сомалиро бигирем. Дар ҳоли ҳозир ба ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорем, ки дар Сомалӣ сармоягузорӣ кунанд.» Масъули бахши башарии Созмони Милал хоҳони чаҳор миллиард доллар сармоягузорӣ барои чаҳор кишваре шуд, ки бо гуруснагӣ ва қаҳтӣ мубориза мекунанд.

XS
SM
MD
LG