Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Ироқ: Санаде дар бораи истифода аз силоҳи кимиёӣ пайдо нашуд


Муҳаммад Ҳаким, сафири Ироқ дар Созмони Милали Муттаҳид, эълон кард, ки ҳеҷ санаде дар бораи истифода аз силоҳи кимиёӣ аз тарафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Мавсил вуҷуд надорад. Пештар гуфта шуда буд, ки ДИИШ ҳафтаи гузашта дар шарқи Мавсил аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст. Ба гузориши “Ассошиайтед Пресс”, бархе аз пизишкон дар Арбил мегӯянд, дар вуҷуди баъзе аз беморон нишонаҳои ҳамлаҳои кимиёӣ дида мешавад. Аммо, ба гуфтаи Муҳаммад Ҳаким, давлати Ироқ ҳеҷ мадракеро дар бораи истифода аз ин гуна силоҳҳо ба даст наовардааст. Дар ҳамин ҳол, намояндаи Бритониё дар Созмони Милали Муттаҳид баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният, ки барои баррасии ҳамин мавзӯъ ташкил шуда буд, гуфт, таҳқиқот дар ин замина идома хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG