Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқот бахшида ба Наврӯз барои Ҷоми "Пойтахт-2017"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо тасмими шаҳрдории Душанбе рӯзҳои 21-24 март дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқот оид ба гуштии миллӣ, волейбол ва теннис барои Ҷоми "Пойтахт-2017" баргузор хоҳад шуд. Шуъбаи таҳлил ва иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе гуфт, рӯзи 23 март ва 24 март дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" мусобиқаи бози гуштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ сурат мегирад.

Аз 21 то 24 март дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин" мусобиқаи волейбол миёни бонувон барпо мегардад. Рӯзҳои 21-24 март дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе, Майдони тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва маҷмааи варзишии «Тоҷварз» мусобиқа оид ба теннис байни писарону духтарон доир хоҳад шуд.

Бо қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, барои гузарондани мусобиқоти идона ҷиҳати дарёфти Ҷоми «Пойтахт -2017» аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси шаҳрдории Душанбе ворид гардидаанд, 155 300 сомонӣ ҷудо гардидааст.

XS
SM
MD
LG