Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Эрдуғон гуфтанд, дар якҷоягӣ низои Сурияро поён хоҳанд бахшид


Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба тақвияти равобити ду кишвар таъкид карда, тааҳҳуд намуданд, ки бо ёрии якдигар ба даргирии Сурия поён хоҳанд дод. Эрдуғон рӯзи 10 март ба Маскав рафт. Мақомот гуфтанд, ҷонибҳо, инчунин, дар бораи низои Ироқ, ҳамкорӣ дар масоили энерживу иқтисод ва мубориза бо терроризм сӯҳбат кардаанд. Сафари Эрдуғон ба Маскав шонсе барои беҳтар кардани муносибати Анкара бо Кремлин дониста мешавад. Муносибати қадимии Русияву Туркия тайи ду соли охир осеб дидааст. Бахусус, баъд аз онки дар моҳи ноябри соли 2015 нирӯҳои Туркия як ҳавопаймои ҷангии Русияро дар марз бо Сурия сарнагун карданд. Ба дунбол Русия алайҳи Туркия таҳримҳо ҷорӣ кард. Маскав рӯзи 6 март гуфт, ки омодааст, таҳрими воридоти меху меваҳои Туркияро лағв намояд.

Русия аз ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Русия ва Туркия аз мухолифонаш ҳимоят мекунанд. Аммо ҳарду тараф аз музокироти ҷонибҳои даргири Сурия дар Қазоқистон барои расидан ба сулҳ пуштибонӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG