Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони номи нӯҳ барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ


Нӯҳ хабарнигору устодони соҳаи журналистика барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 10 март гуфт, ҷоизаи имсоларо Бобоҷон Икромов – сардабири "Варорӯд", Абдумаҷид Ҳакимзода – раҳбари пешини телевизиони "Ҷаҳоннамо" ва ҳоло сухангӯи шаҳрдори Душанбе, Носирҷон Маъмурзода – муовини сардабири рӯзномаи “Хатлон”, Умаралии Сафаралӣ – муовини сардабири “Ҷавонони Тоҷикистон”, Ёқубҷон Абдураҳмонов – муҳаррири “Халқ овози”, Набиҷон Набизода – мудири телевизиони “Синамо” ва Ҳабиб Мақбулов – журналисти радио тақдим гардид.

Ду устоди соҳаи журналистика Абдусаттор Нуралиев ва Сангини Гулзод низ соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ шуданд.

Соли гузашта маросими тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ моҳи октябр баргузор шуда буд. Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

То замони касби истиқлоли Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5 май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG