Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 сол зиндон – ҳукми ду ходими собиқи пулиси Тоҷикистон


Додгоҳи шаҳри Душанбе ду корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир мутаносибан ба 17 сол равонаи зиндон кард. Саидмурод Хоҷаев ва Миралӣ Қосимов, ду корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи майи соли 2016 аз ҷониби Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шуда буданд.

Як манбаъ аз додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ин ду нафар бар асоси моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ду бор баррасӣ шуд. Онҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо беш аз 18 кило маводи мухаддир боздошт шуданд ва, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, зимни мурофиаҳои додгоҳӣ гуноҳи онҳо тасдиқи худро пайдо кард.

Ба гуфтаи масъулони додгоҳи Душанбе, қаблан ҳукми онҳоро додгоҳи зинаи поёнӣ содир карда буд, вале онҳо ба ин ҳукм эътироз карда, ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят карданд. Додгоҳи пойтахт ҳукми онҳоро бетағйир гузошт.

Қаблан Илёс Идрисзода, як масъули Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз боздошти ин ду корманди пулис хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, амалиёти боздошти ин ду нафар зери назари Рустами Эмомалӣ, раҳбари вақти оҷонсии мазкур сурат гирифта буд. Наздикон ва вакили дифои ин ду нафар ҳозир нашуданд бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд.

Солҳои гузашта низ дар Русия ва Қирғизистон хабари боздошти афроде бо ҳуҷҷати пулиси Тоҷикистон пайдо мешуд. Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши изҳорот онҳоро "собиқ корманд ва рондашуда аз сафи мақомот" медонист.

Соли гузашта мақомоти Қирғизистон аз боздошти Муродалӣ Алимардонов, як шаҳрванди Тоҷикистон бо маводи мухаддир хабар доданд, ки бо худ ҳуҷҷати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо рутбаи майори милисаро дошт. Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, моҳе пеш аз боздошт ин нафарро аз сафи пулис хориҷ карда буд.

XS
SM
MD
LG