Пайвандҳои дастрасӣ

Генерали рус ба гирифтани $170 000 ришва айбдор шуд


Тамрини ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои баъди футбол дар Новосибирск.

Матбуоти Русия мегӯяд, ки собиқ муовини фармондеҳи нерӯҳои Вазорати дохилӣ, ҳоло Росгвардия, ба ришваситонӣ муттаҳам шуд. Хабаргузории "Интерфакс" мегӯяд, ки генерал-лейтенант Вячеслав Варчук ба ришваситонӣ дар ҳаҷми 10 миллион рубл, ё 170 ҳазор доллар айбдор мешавад.

Додгоҳ амри боздошти ӯро барои ду моҳ содир кард.

Хабаргузории давлатии ТАСС бо иқтибос аз сухангӯи додгоҳ Светлана Лукянова гуфт, ки Варчук рӯзи 10 март аз рӯи ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат кард.

Вячеслав Варчук соли 2010 муовини фармондеҳи нерӯҳои Вазорати дохилӣ таъин шуд ва масъули умури молӣ ва иқтисодӣ буд.

Боздошти ӯ рӯзи 3 март маълум шуд. Ба гуфтаи матбуот, пулро ба Варчук яке аз муовинонаш сарҳанг Александр Костин додааст. Мушовири раҳбари Росгвардия Хинштейн ба шабакаи телевизионии РБК гуфт, дар робита ба Варчук "баъзе суолҳо мавҷуд буд" ва аз ин рӯ ӯ ба сохтори Росгвардия қабул нашуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG