Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Отамбоев сарнавишти грантҳои хориҷиро пурсиданд


Қирғизистон - Кӯдакони қирғиз дар яке аз рустоҳои вилояти Ӯш аз роҳи дур об меоранд.
Қирғизистон - Кӯдакони қирғиз дар яке аз рустоҳои вилояти Ӯш аз роҳи дур об меоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон ба изҳороти Алмосбек Отамбоев посух доданд, ки гуфтааст, созмонҳои ғайридавлатие, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, бар зарари Қирғизистон фаъолият мекунанд.

Дар муроҷиатномаи муштараки чанд созмони иҷтимоӣ зикр шудааст, ки аз ҳама бештар грантҳои хориҷиро ҳукумат дарёфт карда, бо ин вуҷуд, маълум нест, ки ин пулҳо дар куҷо сарф шудаанд.

Шӯрои ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон ҳаҷми грантҳои хориҷиеро, ки ба давлат ва созмонҳои ғайридавлтӣ дода мешавад, муқоиса карда, ба хулосае расидааст, ки рақамҳо қобили қиёс нестанд. Созмонҳо аз президент хостаанд, дар бораи харҷи грантҳои ҳафт соли охир ҳисобот пешниҳод кунад.

Аъзои Шӯрои ҳомиёни ҳуқуқ, инчунин, гуфтанд, созмонҳои ғайридавлатӣ саҳми худро дар ҳалли проблемаҳои минтақаӣ мегузоранд ва баъзан вазифаи мақомоти давлатиро ҳам иҷро мекунанд. Бо ин вуҷуд, мақомоти давлатӣ ҳанӯз ба таври дақиқ исбот накардаанд, ки созмонҳои ғайридавлатӣ чӣ гуна ва кай ба давлат зарар овардаанд ва ё дар ҷомеа ихтилоф эҷод кардаанд.

Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Ҷопон ва Чин барои таъмини сокинони деҳот бо оби ошомиданӣ, рушди тандурустӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба Қирғизистон грантҳои зиёде додаанд. Ҳаҷми дақиқи грантҳои хориҷӣ дар солҳои мустақилии Қирғизистон ҳисоб нашудааст.

XS
SM
MD
LG