Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 34 духтари Гуатемала дар сӯхтори паноҳгоҳи наврасон


Қавми Мая ҳангоми ниёиш

Қавми Мая ҳангоми ниёиш

Бар асари сухтор дар маркази пуриздиҳоми наврасони озордида дар Гуатемала, 34 духтар ҳалок ва чандин тани дигар маълул шуд.

Мақомот ва шоҳидон мегӯянд, сухтор рӯзи 8 март дар яке аз ҳуҷраҳо сар зад, ки духтарҳоро дар он баъди бенизомӣ дар марказ маҳкам карданд.

Оташ дар синфхонае бо масоҳати 16 метри мураббаъ ва 52 духтари ноболиғ, онҳоеро ҳам ки аз сухтор ҷон ба саломат бурданд, шадидан маҷрӯҳ кард.

Барои кӯмак табибони умури зарардидаҳои сухтор аз Ийолоти Муттаҳида даъват шуданд. Аммо мақомот мегӯянд онҳо ба садҳо донор, ё эҳдокунандаи хун ниёз доранд.

Ҳукумат маъмури хонаи наврасони озордида - "Вирген де ла Асунсион"-ро, ки дар канораҳои пойтахт ҷойгир аст, аз мақом сабукдӯш кард.

Ҳукумат ин марказро муваққатан баст, се рӯзи мотам эълон кард ва қавл дод, ки дар сохтори нигоҳубини кӯдакон ислоҳт ҷорӣ мекунад.

Ба гуфтаи пулис ва шоҳидон, ба назар мерасад, ки яке аз духтарон эҳтимолан ба нишони эътироз, бистарро оташ задааст. Даҳҳо духтар баъди шӯриши ноком, ки бо ҳадафи фирор аз марказ анҷом шуда буд, дар паси ҳуҷраи қуфлшуда қарор гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG