Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳо: ИМА ба Сурия нирӯҳои иловагӣ фиристод


Сурия - Зани ҷанговар аз Нерӯҳои Демократии Сурия, ки ба он курдҳо ва арабҳо шомил шудаанд, дар рустои Сабоҳ ал -Хайр, канораҳои минтақаи Диёр Еззор. 21 феврали соли 2017.

Сурия - Зани ҷанговар аз Нерӯҳои Демократии Сурия, ки ба он курдҳо ва арабҳо шомил шудаанд, дар рустои Сабоҳ ал -Хайр, канораҳои минтақаи Диёр Еззор. 21 феврали соли 2017.

Дар амалиёти озодсозии шаҳри Раққаи Сурия аз дасти ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) нирӯҳои иловагии баҳрии ИМА низ иштирок хоҳанд кард.

Дар ин бора The Washington Post бо истинод ба манбаи худ дар Вазорати дифои Амрико иттилоъ додааст.

Манбаъ гуфтааст, ки тақвияти ҳузури низомиёни ИМА дар Сурия ба талаби президент Доналд Трамп, ки хост, нақшаи нави мубориза бо ДИ таҳия шавад, рабт надорад. Ӯ қайд кард, ки нирӯҳои иловагӣ дар доираи нақшаи пешина сафарбар шудаанд.

Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия 9 март хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар Раққа 23 сокини осоишта, аз ҷумла 8 кӯдак ҷон бохтанд.

Ба огаҳии марказ, зарбаҳоро ҳавопаймоҳои нирӯҳои эътилофи ба раҳбарии ИМА зидди ДИ анҷом додаанд. Низомиёни ИМА мегӯянд, барои пешгирӣ аз кушта шудани сокинони осоишта дар ҷанг бо тундравон талошҳояшонро дучанд хоҳанд кард, навиштааст Reuters.

Амалиёти нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ зидди ДИ аз соли 2014 ба ин сӯ дар Ироқу Сурия идома дорад. Дар ҳоли ҳозир, шумори низомиёни амрикоӣ дар ин амалиёт ба 500 нафар мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG