Пайвандҳои дастрасӣ

$600 000 сармояи Амрико барои муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик


Акс аз бойгонӣ

Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико тарҳи 600-ҳазордолларии "Ҳамсоягии осоишта ва муваффақ" дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ кардааст. Рӯзи 10 март дар маросими муаррифии тарҳ дар Душанбе гуфта шуд, ки ҳадафи ин лоиҳа мусоидат дар корёбӣ ва фаъолияти муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия, расондани кумак ба гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон ва оилаҳои осебпазири муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар тӯли се соли оянда мебошад.

Як намояндаи созмони ҳайати шафқат ё “Mercy Corp” дар Тоҷикистон гуфт, “тарҳҳои ба ин монанд дар кишвар аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ мавриди иҷро қарор доранд. Аммо барои бори аввал аст, ки расондани кӯмакҳо ба ин се гурӯҳи осебпазир дар як тарҳ анҷом дода мешавад”.

Ба гуфтаи вай, баргузории давраҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирони баргашта ва гурезаҳо дар Тоҷикистон ва сармоягузории оғози тарҳҳои тиҷоратии ин афрод аз мушаххасоти ин барнома будааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10 март дар сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими имзои сармоягузории 15 тарҳи ин кишвар бо мақомоти тоҷик дар рушди бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, ироаи ёрӣ барои ҳалли мушкили муҳоҷирони баргашта, рушди кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва варзиш баргузор шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG