Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷии Олмон Русияро аз хатари сабқати таслиҳотӣ ҳушдор дод


Русия - Вазири умури хориҷии Олмон Зигмар Габриэл ҳангоми сӯҳбат бо Сергей Лавров. Маскав, 9 марти соли 2017.
Русия - Вазири умури хориҷии Олмон Зигмар Габриэл ҳангоми сӯҳбат бо Сергей Лавров. Маскав, 9 марти соли 2017.

Вазири умури хориҷии Олмон Зигмар Габриэл Русияро аз хатари сабқати нави таслиҳотӣ, ки аз низоъ дар шарқи Украина маншаъ гирифтааст, ҳушдор дод ва ба коҳиши силоҳҳои маъмулӣ даъват кард.

Ӯ рӯзи 9 март баъди гуфтушунид бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки онҳо барои идомаи гуфтушунид дар "формати Норманд", бо иштироки Русия, Украина, Олмон ва Фаронса, оид ба хатми низои байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар Шарқи Украина тавофуқ карданд.

Олмон ба паймони НАТО 4000 сарбоз додааст, ки дар кишварҳои назди Балтик ва Лаҳистон мустақар шудаанд. Таҳкими ҳузури НАТО дар ин ду кишвар дар ҳоле сурат гирифт, ки таҷовузи Русия ба Украина нигарониҳоро аз ҳаракатҳои минбаъдаи Маскав дар минтақа бештар кард. Дар ҳамин ҳол, Русия низ даҳҳо ҳазор сарбозро дар марзҳои ғарбиаш басиҷ кард.

"Мо аз ин нигаронем, ки ба марҳилаи нави сабқати таслиҳотӣ ворид мешавем", - гуфт Зигмар Габриэл. Ӯ афзуд, ки ҳалли низои Украина роҳро барои фаъолиятҳои минбаъда дар заминаи халъи силоҳ боз мекунад. Лавров гуфт, Русия иттиҳоми афзоиши номутаносиби нерӯҳояш дар марзҳои ғарбиро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG