Ҳукумати Лаҳистон тарҳи дигаргунӣ ба қонуни хадамоти дипломатиро омода кард. Ин тарҳ имкони кор барои онҳоеро, ки то солҳои 1989 дар сохторҳои давлати кор кардаанд, соқит мекунад. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Лаҳистон рӯзи 9 март хабар дод.
Дар изҳороти Вазорати хориҷӣ гуфта мешавад, ин қонун имкони дар мақом нигаҳ доштан ва дар оянда ба кор таъмин кардани одамонеро, ки он солҳо бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ кардаанд, аз байн мебарад.
Қаблан вазири хориҷии Лаҳистон гуфта буд, ки то ҳол дар ниҳоди таҳти назорати ӯ даҳҳо хатмкардаи МГИМО - Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав кор мекунанд ва ин вазъ бояд ислоҳ шавад.
Вазорат тасмим дорад, ки кормандони навро на танҳо аз ҳисоби мутахасисон, балки аз шумори созмонҳои ғайридавлатӣ ва марказҳои таҳқиқотӣ ҷалб кунад.