Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо: Ал-Бағдодӣ аз Мосул фирор кард ва дар биёбон пинҳон шудааст


Абу Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз видеои таблиғотии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"

Раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" Абу Бакр ал-Бағдодӣ аз пойгоҳи ДИИШ дар Мавсил фирор ва ҳимояи шаҳрро ба ҷангиёни сатҳи поён вогузор кард. Дар ин бора мақомоти Ийолоти Муттаҳида ва Ироқ рӯзи 8 март хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо Бағдодӣ, ки баъди ишғоли Мавсил дар соли 2014 худро раҳбари "хилофат" эълон кард, ҳоло дар биёбон пинҳон аст ва бештар бар наҷоти худ меандешад.

Тасдиқи ин иддао аз манбаҳои мустақил имконпазир нест. Мақомоти мегӯянд, ки аз байн рафтани робитаҳои дохили ДИИШ ва коҳиши пағомҳо дар Телеграм, Твиттер ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин далолат мекунанд, ки Бағдодӣ аз бузургтарин маркази аҳолинишин, ки ДИИШ то ҳол таҳти назорад дошт, хориҷ шудааст.

Гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ишғоли ними қисмати шарқии Мавсил аз ҷониби нерӯҳои Ироқ дар моҳи январро ҳеҷ гоҳ шарҳ надод. Бағдодӣ низ аз авоили моҳи ноябр, ду ҳафта баъда шурӯи ҳамла ба Мавсил, ягон навори суханрониашро нашр накард.

Ӯ дар гузашта бо коҳиши иртибот, ки метавонад назорат шавад ва пайваста иваз кардани макони буду бош, дастнорас будани худро исбот карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG