Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи ДИИШ ба бемористони Кобул 49 нафар шуд


Афғонистон -Шумори қурбониёни ҳамлаи ДИИШ ба бемористони низомии Кобул ба 49 нафар расид.

Афғонистон -Шумори қурбониёни ҳамлаи ДИИШ ба бемористони низомии Кобул ба 49 нафар расид.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки шумори қурбониёни ҳамла ба бемористони низомии Кобул ба 49 нафар расид.

Салим Расулӣ, раҳбари бемористон рӯзи 9 март гуфт, ки дар ҳамла ба бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд Хон 49 нафар кушта ва 63 нафар маҷруҳ шуданд.

Масъулияти ҳамлаи рӯзи 8 мартро, ки марди мусаллаҳе дар либоси табибон ба сӯи духтурҳо, беморон ва меҳмонон оташ кушод, гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар душ гирифт.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон Қамаруддин Сиддиқӣ марги 49 нафарро тасдиқ кард, вале теъдоди захмиёнро 76 нафар гуфт. Мақомоти дигар шумори захмиёнро 90 нафар эълон карданд.

Бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд Хон дар наздикии Сафорати Амрико ҷойгир аст, ки аз минтақаҳои мустаҳками амниятӣ ба шумор меояд.

Неруҳои амниятии Афғонистон барои маҳви ҳамлагарон чанд соат сарф карданд.

Теъди ҷангиёни мусаллаҳ, ки дар ҳамла кушта шуданд, маълум нест. Мақомоти Афғонистон аз чаҳор нафар сӯҳбат карданд. Аммо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" шаби гузашта акси панҷ нафарро, ки гӯё ҳамларо анҷом доданд, бо ному насабашон нашр кард.

Дар изҳороте, ки тавассути оҷонсии вобастаи ДИИШ - "Амақ" нашр нашр шуд, ин гурӯҳ иддао кард, ки дар ҳамла 400 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG