Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи боғчаҳо тамоми ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистонро "ба пой хезонд" (ВИДЕО)


Узбакистон - ҷанҷоли боғчаи бачаҳо

Узбакистон - ҷанҷоли боғчаи бачаҳо

Баъди ошкор шудани озору азияти кӯдакон ва ташкили шабонаи "фоҳишахонаҳо", дар 23 муассисаи томактабии вилояти Сурхондарё санҷиши махсус оғоз шудааст.

Ин санҷишро намояндагони ниҳодҳои давлатӣ мегузаронанд. Ба гуфтаи як корманди Вазорати маорифи Ӯзбекистон, қазияи боғчаҳои вилояти Сурхондарё тамоми ниҳодҳои давлатии ин кишварро "ба пой хезонд".

"Додситонӣ ҳолатҳои қонуншиканиро дар боғчаҳо таҳқиқ мекунад. Гуруҳи махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш мегузаронанд. Ба ҷуз ин, ҳукуматҳои маҳаллӣ низ барои санҷиши фаъолияти боғчаҳо намояндагони худро фиристодаанд. Шуъбаҳои маориф шаҳодатномаи кормандонро тафтиш намуда, биржаи меҳнат ҷалби онҳоро ба кор месанҷад", -- афзуд ӯ.

То ҳоло дар 5-6 вилояти Ӯзбекистон як қатор кормандони раёсатҳои маориф барканор шудаанд.

Ба иттилои ҳукумати маҳаллӣ, баъди санҷиши муассисаҳои томактабии вилояти Сурхондарё 17 мудир ва корманди ин боғчаҳо аз кор ронда шуданд. Аз онҳо 5 корманд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG