Пайвандҳои дастрасӣ

Русия барои мубориза бо допинг 1,6 млрд рубл ҷудо кард


Комиссияи мустақили Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) 9 ноябри соли 2015 хулосаи таҳқиқоти фаъолияти Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук, озмоишгоҳи зиддидопингии Москва, РУСАДА ва вазорати варзиши Русияро нашр кард. Дар ин хулоса гуфта мешавад, ки дар Русия низоми давлатии пинҳон кардани истифодаи допинг амал мекунад. Баъди ҳисобот WADA иҷозатномаи РУСАДА-ро қатъ кард.

Ба далели баҳси истифодаи допинг варзишгарони Русия аз ҳамаи мусобиқаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро маҳрум шуданд. Тими Русияро ҳамчунин ба бозиҳои Паролимпиада роҳ надоданд.

Ахиран президенти Русия Владимир Путин варшикастагии низоми зиддидопингии Русияро эътироф кард. Вай даъват кард, ки баёнияҳои Оҷонсии ҷаҳонии зидди допингро ҷиддӣ бигиранд. Дар ҳамин ҳол, Путин мавҷуд будани пуштибонии давлатӣ аз допингро рад кард.

Дар ҳамин ҳол, Анна Антселиович, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли Оҷонсии зиддидопингии Русия (РУСАДА) истеъфо додааст. Пештар аз ин дар мусоҳиба бо нашрияи New York Times вай эътироф кард, ки давоми чанд сол мақомоти Русия аз истифодаи допинг пуштибонӣ мекарданд. Баъди нашри мусоҳиба, РУСАДА нашрияро дар таҳрифи суханони Антселович айбдор кард. 7 март ҳукумати Русия барои мубориза бо допинг 1,6 миллиард рубл ҷудо кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG