Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ястребова дар 101-солагӣ даргузашт. ВИДЕО


Antonina Yastrebova
Antonina Yastrebova

Антонина Ястребова, аз охирин кӯҳнасарбозони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон дар шаҳри Кӯлоб, дар 101-солагӣ даргузашт. Маҳтоббӣ Баротова, ягона духтархонди ин зани рус, рӯзи 8 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “Ястребова шаби 7 ҷон дод”. Хонум Баротова гуфт, як рӯз пеш Хайрулло Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб ба манзили Антонина Ястребова рафта, ба муносибати 8 март – Рӯзи модар ӯро табрик намудааст.

Ҷасади Антонина Ястребоваро дар оромгоҳи русҳо, воқеъ дар канори шаҳри Кӯлоб ба хок супурданд.

Ба гуфтаи Маҳтоббӣ Баротова бибиаш – Антонина аз шаҳрдори Кӯлоб хостааст, то барои нигоҳубинаш духтуреро масъул кунад. “Рӯзи шашуми март раиси шаҳр омада, ӯро ба ҷашни модар табрик намуд ва сӯҳбат кард. Раис пурсид, ки ба чӣ зарурат дорад? Ӯ гуфт, ки барояш пизишк оранд. Ёрии таъҷилӣ омад ва табибон диданд, ки каме фишораш паст будааст”, - нақл кард ӯ.

Маҳтоббӣ мегӯяд, Антонина Ястребова тайи ду моҳи ахир ҳоли хуб надошт ва ба зӯр сухан мекард. Он гуна ки Маҳтоббӣ меафзояд, бибихондаш қабл аз фавт ҳарфе нагуфта ва танҳо дастонашро сахт доштааст ва пас аз чанд лаҳзае ин дунёро падруд гуфтааст.

Гузориши видеоӣ аз зиндагии Ястребова. Як сол пеш:

Сад соли умр дар ҷанг ва бидуни он
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Дар ҳамин ҳол дар маросими ҷанозаи Антонина Ястребова шаҳрдорӣ Кӯлоб, муовинонаш ва дигар мақомоти шаҳр, намояндагони ҷамъияти кӯчаки русҳо ва ҳаммаҳаллаҳояш ширкат карданд. Ба гуфтаи Маҳтоббӣ Баротова бо онки Антонина Ястребова касе надошт, аммо дар маросими ҷаноза одам бисёр буд ва шаҳрдории Кӯлоб бо роҳбарии Кенҷамо Маҷидова, муовини раиси шаҳр тамоми хароҷоти маросими гӯру чубро бар ӯҳда доштанд.

Антонина Ястребова дар соли 1942 бо ихтиёри худ ба хизмат рафт ва ба ҳайси корманди мухобирот дар ҷангҳои Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза) ширкат намуд. Вай то хатми ҷанг зидди фашизм ҷангид, аммо падару хоҳарро аз даст дод.

Се сол пеш тамоми иртиботи хонум Ястребова бо хешовандонаш дар Русия канда шуд ва ӯ дигар намедонист, ки аз пайвандонаш кӣ зинда асту чӣ ҳоле дорад.

Антонина Ястребова 7 майи соли 2016 бахшида ба рӯзи Ғалаба дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ ҳангоми дар ҷанг будан ва зидди Гитлер ҷангиданашро қисса кард. Вай гуфта буд, ки вақте ба ҷанг рафт, дар хонадон духтари бузург буд, баъди ду соли дар ҷанг иштирок кардани падар ӯ низ ба ин саф пайваст.

Ӯ гуфта буд, дар баробари падар хоҳари ӯгайи ӯ Марина низ дар ҷанг буд. “Падар ва хоҳари ӯгаям дар як набард дар шаҳри Ижевск аз тири фашистон кушта шуданд. Падарам Пётр Ясребов ду сол пеш аз ман ба Ҷанги бузургӣ ватанӣ даъват шуда буд. Мо дар шӯъбаи алоқа хабарросон будем ва ҳамлаи душманонро ба марказ мерасонидем”, - қисса карда буд хонум Ястребова.

Ин зан замони ҷанг ба як ҷавон бо номи Иван, ки ӯ ҳам ба ҳайси корманди мухобирот зидди Германияи фашистӣ меҷангид, ошиқ шуда ва баъди ҷанг бо ӯ оила барпо кард. Пас аз хатми ҷанг дар соли 1947 ба Тоҷикистон омада дар риштаи иқтисод таҳсил ва дар заводи пахтаи Кӯлоб кор кард. Ӯ дигар нахост ба Русия баргардад. Ҳарчанд бародараш ӯро пайваста ба Маскав барои идомаи зиндагӣ даъват мекард.

Се сол пеш тамоми иртиботи хонум Ястребова бо хешовандонаш дар Русия канда шуд ва ӯ дигар намедонист, ки аз пайвандонаш кӣ зинда асту чӣ ҳоле дорад. Антонина Ястребова дар хонааш дар Кӯлоб танҳо ба сар мебурд ва Маҳтоббӣ Баротова, духтари 21-солаи ҳамсояаш ба ӯ нигоҳубин мекард. Антонина Ястребова Маҳтоббиро дар 12-солагӣ ба фарзандӣ қабул карда буд.

XS
SM
MD
LG