Пайвандҳои дастрасӣ

Сомони Эмомалӣ дар канори падару бародараш зоҳир шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8 март ҳамроҳ бо ду писараш – Сомони Эмомалӣ ва Рустамӣ Эмомалӣ – дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар Душанбе ширкат кард. Ҳарчанд Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе бо падараш зиёд дида мешавад, аммо Сомони Эмомалӣ дар байни мардум бисёр кам зоҳир мешавад.

Дафтари матбуоти президент гуфт, ки ҳашари ниҳолшинонӣ дар майдони боғи Нишони давлатии пойтахт сурат гирифтааст. Аз ин пеш, рӯзи 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 март дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон чунин ҳашар баргузор шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон бақия алакай издивоҷ кардаанд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе ва Озода Раҳмон раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG