Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди муҳоҷирати балқарҳо ба Осиёи Марказӣ баргузор шуд


Русия - Намоишгоҳи аксҳои рассоми қафқозӣ Шелмир Гучепшоко дар Налчик, бахшида ба анҷоми ҷанги Қафқоз (1763-1864).

Дар Налчик ҷамъомаде бахшида ба ёди қурбониёни таъқиби сталинӣ ва муҳоҷирати иҷбории балқарҳо ба Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" гузориш дод.

Дар матни изҳороти раҳбари ҷумҳурии Кабардину-Балқар Юрий Коков, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вебсайти расмии ӯ нашр шуд, гуфта мешавад, 8 март барои мардуми Кабардину-Балқар дар пасманзари таҷрубаҳои фоҷеавӣ тира шудааст. "73 сол пеш мардуми балқар дар натиҷаи амали ҷинояткоронаи режими ҳукмрон, муъҷиби муҳоҷирати маҷбурӣ шуд. Сокинони ҷумҳурӣ дар ин санаи фоҷеавӣ аз гумкардаҳои худ ёд мекунанд ва хотираи қурбониёнро зинда медоранд", - афзуд ӯ.

Балқарҳо як қавми хурди туркзабонанд, ки асосан аз дини ислом пайравӣ мекунанд. Рӯзи 8 марти соли 1944 Комиссариати мардумии корҳои дохилӣ - НКВД наздик ба 100 ҳазор балқарҳоро бо амри Сталин маҷбурӣ ба Осиёи Марказӣ партофт. Сталин онҳоро ба ҳамкорӣ бо Олмони фашистӣ муттаҳам мекард.

Онҳое, ки дар муҳоҷирати маҷбурӣ ҷон ба саломат бурданд, баъдан, замоне ба Қафқози Шимолӣ баргаштанд, ки Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ Кабардину-Балқарро ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Федератсиюни Русия эълон кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG