Пайвандҳои дастрасӣ

Конгресс дахолати Русия ба интихоботро 20 март баррасӣ мекунад


Бинои Конгресси ИМА дар Вашингтон.

Бинои Конгресси ИМА дар Вашингтон.

Кумитаи истихбороти палатаи намояндагони Конгресси Амрико аввалин баррасии умумӣ дар заминаи эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-ро рӯзи 20 март баргузор мекунад.

Раиси кумита Девин Нунес рӯзи 7 март гуфт, ки ӯ барнома дорад силсилаи баррасиҳои умумиро дар ин робита доир кунад ва аз раҳбарони Бюрои федеролии таҳқиқот Ҷеймс Коми ва Оҷонсии амнияти миллӣ адмирал Майк Роҷерс даъват кард, ки дар нахустин баррасӣ суханронӣ кунанд. Коми дар заминаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихобот, ки мақомоти иҷроия бозҷӯӣ мекунад, нақши калидӣ дорад.

Нунес гуфт, ки собиқ раҳбари истихбороти миллӣ Ҷеймс Клеппер, собиқ директори Идораи истихбороти марказӣ Ҷон Бреннан ва собиқ иҷрокунандаи вазифаи додситони кулл Салли Йейтс дар қатори даъватшудаҳо қарор доранд.

"Мо айни замон барнома надорем, ки нафареро 20 март ба додгоҳ бикашем", - гуфт Нунес. "Аммо агар ин зарурат ба миён биёяд, мо ҳамаи маълумотро дар бораи нафароне, ки ба ин бозҷӯӣ рабт доранд, ё нафароне, ки ҳозир намешаванд ва ё идораҳое, ки маълумоти заруриро ба мо намедиҳанд, дар ихтиёри додгоҳ қарор медиҳем", - гуфт раиси кумитаи истихбороти палатаи намояндагони Конгресс.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG