Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Чин барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷ дар нимҷазираи Корея


Вазири умури хориҷии Чин Ван И.
Вазири умури хориҷии Чин Ван И.

Ван И, вазири умури хориҷии Чин, ба коҳиши шиддати вазъият дар шибҳаҷазираи Корея даъват кард ва дар муроҷиат ба Кореяи Шимолӣ гуфт, дар ивази даст кашидани ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ аз тамрини низомӣ, озмоиши силоҳҳои ҳаставӣ ва мушакҳоро қатъ кунад.

Ӯ гуфт, "ҳарду тараф ба қаторҳои босуръате монанд ҳастанд, ки ба муқобили якдигар ҳаракат мекунанд ва ҳеҷ тарафе намехоҳад гузашт кунад".

"Савол ин аст, ки оё тарафҳо, воқеан ҳам, ба бархӯрди пешонӣ ба пешонӣ омода ҳастанд? Ончӣ мо ҳоло кор дорем, чароғаки сурх ва пахши тормоз дар ҳарду қатор аст", - афзӯд Ван И.

Пхенян ба нишони эътироз алайҳи тамрини солонаи низомии Сеул ва Вашингтон, ба сӯи пойгоҳи низомии Амрико дар Ҷопон чаҳор мушак партоб кард. Дар посух Амрико аз оғози афзоиши сохторҳои зиддимушакӣ дар Кореяи Ҷанубӣ хабар дод, ки на танҳо Пхенян, балки Чин ва Русияро низ ба ташвиш овард.

XS
SM
MD
LG