Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон гуфт, ки 2100 "муҳофизи ҳарам" дар Сурия ва Ироқ кушта шуданд


Эрон - Сарбозони артиши Эрон ҳангоми тамрини низомӣ дар Сиистон ва Балуҷистон.

Беш аз 2 ҳазор ҷангие, ки Эрон ба Сурия ва Ироқ фиристод, дар низои ин ду кишвар кушта шудаанд. Дар ин бора Бунёди шаҳидони Эрон хабар дод.

Хабаргузории "Меҳр", пойгоҳи наздик ба мақомоти Эрон, аз қавли Муҳаммад Алӣ Шаҳидӣ – раҳбари Бунёди шаҳидон ва собиқадорони Эрон – навишт, "феълан беш аз 2 ҳазор "муҳофизи ҳарам" ба шаҳодат расидаанд". Ҳадафи ин бунёд кумак ба хонаводаи онҳоест, ки дар ҷанг барои Эрон кушта шуданд.

Раҳбари бунёди шаҳидон дар бораи миллияти онҳое, ки кушта шудаанд, ҷузъиёт надод. Ин рақам ду баробар бештар аз онест, ки Муҳаммад Алӣ Шаҳидӣ дар моҳи ноябри соли гузашта танҳо дар робита ба Сурия пахш карда буд.

Мақомоти Эрон истилоҳи "муҳофизони ҳарам"-ро дар робита ба ҷангиёне истифода мекунанд, ки барои кумак ба Башор Асад дар Сурия мустақар шудаанд. Теъдоде аз "муҳофизони ҳарам", инчунин, дар Ироқ қарор доранд.

Эрон иддао мекунад, ки ин ҷангиён "довталабон" буда, маконҳои муқаддаси шиаҳоро ҳимоя мекунанд. Ба ин гурӯҳҳо афғонҳо низ шомил ҳастанд, ки гуфта мешавад, мақомоти Эрон барои ҷанг дар Сурия ба онҳо пул ва ҳаққи иқомат ваъда кардаанд.

Теҳрон аз тарафдорони умдаи ҳукумати Сурия аст, ки онро аз кумакҳои моливу низомӣ бархурдор кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG