Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари боздоштшудаи Бонки марказии Молдова касали дил шуд


Раҳбари собиқи Бонки миллии Молдова Леонид Талмач

Додгоҳи Молдова ба раҳбари пешини Бонки марказии ин кишвар Леонид Талмач, ки баъди боздошташ бо иттиҳоми қаллобӣ ба дарди дил гирифтор шуд, иҷозат дод, то дар хона бимонад. Дар ин бора Виталий Нагачевский, вакили дифои Талмач, хабар дод.

Вакил рӯзи 7 март гуфт, ки зерҳимояаш ҳоло дар бемористони Кишинёв қарор дорад ва баъди беҳтар шудани аҳволаш ба хона интиқол меёбад. Талмач то анҷоми таҳқиқоти парвандааш таҳти назорати додгоҳ мемонад.

Раҳбари собиқи Бонки марказӣ, ки моҳи январ амалиёти қалбро пушти сар кард, рӯзи 3 март боздошт шуд ва барои 15 рӯз ҳукми ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳамон рӯз ӯро бо аломатҳои мушкили қалбӣ ба бемористон бурданд.

Муфаттишон мегӯянд, Талмач дар қаллобие даст дорад, ки ба сохтори бима (суғурта)-и нақлиёт зарари ҳангуфт расонд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG