Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷористон минтақаҳои нигаҳдории паноҳандагонро мушаххас кард


Маҷористон - Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан дар нишасти матбуотии муштарак бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин. Будапешт, 2 феврали соли 2017.
Маҷористон - Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан дар нишасти матбуотии муштарак бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин. Будапешт, 2 феврали соли 2017.

Порлумони Маҷористон барои таъсиси минтақаҳои махсус дар марзи Сербистону Хорватия қонун қабул кард. Бар пояи ин қонун паноҳандагоне, ки ба ин кишвар меоянд, то баррасии аризаашон аз ҷониби мақомот, дар ҳамин минтақаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин бора хабаргузории France Press рӯзи 7 март гузориш дод.

Ин тадбир аз тарафи аксари депутатҳо пуштибонӣ шуд. Минтақаҳои махсус қаблан ҳам дар марзи Маҷористон вуҷуд доштанд, аммо соли 2013 зери фишори Иттиҳоди Аврупо ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон лағв шуданд.

Нахуствазир Виктор Орбан гуфт, ки ин қонун посух ба амалҳои ахири террористӣ дар қаламрави Аврупо аст, ки гуфта мешавад онҳоро паноҳандагон анҷом доданд. Баъди ҳукми қонун гирифтани тарҳ, тамоми паноҳандагон, ки дар Маҷористон ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, ба минтақаҳои махсус, воқеъ дар марзи Сербистон ва Хорватия, интиқол меёбанд.

XS
SM
MD
LG