Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии нахуствазири Баларус аз раванди ҳамоиш ба АвроОсиё


Беларус - Нахуствазири Беларус ҳангоми сӯҳбат бо соҳибкорони Сербистон дар Минск. 27 январи соли 2017.

Нахуствазири Беларус Андрей Кабякоу аз рӯи, ба гуфтаи ӯ, нокомии Русия дар баробари раванди ҳамоиш ба созмони иқтисодии АвроОсиё изҳори нигаронӣ кард.

Шарҳи Кобиякоу рӯзи 7 март дар нишасти нахуствазирони созмони иқтисодии АвроОсиё пахш шуд, ки дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҷараён гирифт.

Нахуствазири Беларус аз ҷумла гуфт, ки баъди оғози расмии фаъолияти созмон дар соли 2015, Русия нархи газро барои Беларус дар давоми сол 110 дар сад боло бурд.

Созмони иқтисодии АвроОсиё панҷ кишвар - Арманстон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Рсуияро баҳам овардааст.

Президенти Русия Владимир Путин талош кард, ки ин созмонро барои афзоиши нуфузаш дар қаламрави Шӯравии собиқ ва муқовимат бо НАТО истифода кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG