Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев пешниҳод кард, ки қонунгузории бахши динӣ бозбинӣ шавад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар Остона гуфт, ки бояд қонунгузории бахши дин бозбинӣ шавад. Вай дар ин бора дар мулоқот бо вазири умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев изҳори назар кард.

"Дар кишвари мо барои фаъолияти ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ шароит фароҳам аст ва озодиҳои динӣ кафолат дода шудааст. Мо бояд оромиро дар ин бахш ҳифз кунем. Бо ин вуҷуд, бояд масъалаи тундгароии динӣ ҳал шавад, қонунгузорӣ тағйир ёбад. Вазорат бояд саҳми ҷиддӣ бигзорад", - гуфтааст Назарбоев.

Қонун "Дар бораи фаъолияти динӣ ва созмонҳои динӣ", ки соли 2011 қабул шудааст, фаъолияти ғайриқонуни иттиҳодияҳои диниро манъ мекунад. Бино бар гуфтаи вазир Ермекбоев, дар ин кишвар ҳоло беш аз 3 ҳазору 600 иттиҳодияи динӣ фаъолият дорад, ки аксари онҳо исломӣ ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ маҳдудсозии озодии баён, ҷамъомад, мазҳаб ва мустақилияти нокомили додгоҳро аз мушкилии асосии бахши ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG