Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев аз пешниҳоди "пароканда" шудани порлумон ҷонибдорӣ кард


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон аз парокандашавии порлумон ҳарф зад ва Жогорку Кенеш - порлумони Қирғизистонро ниҳоди "паҳнкунандаи ғайбат" номид. "Барои мисол, аллакай 2-3 моҳ аст, ки дар Жогорку Кенеш бе танаффус комиссияи вакилӣ ташкил мекунанд, сару садоҳо ҳеч хомӯш намешавад. Аз минбари порлумон овоза мекунанд, ки Отамбоев дар Кипр дороӣ дорад ва дар суратҳисоби ҳамсари Отамбоев танҳо баъди соли 2011 пул пайдо шуд. Порлумон рӯз аз рӯз аз як ниҳоди қонунгузор ба як ниҳоди паҳнкунандаи ғайбат табдил мешавад. Ҳафтаи гузашта вакил Бакит Торобоев пешниҳод кард, ки порлумон пароканда шавад. Бале, вай барои ҷонибдорӣ аз бародари ғоратгараш ин пешниҳодро кард, аммо ман ҷонибдорӣ парокандашавии порлумон ҳастам", - афзуд Отамбоев.

Дар порлумони Қирғизистон баъди суқути ҳавопаймои туркии борбар дар наздикии Бишкек, роҳбарони мухолифон пешниҳод карданд, ки барои таҳқиқи бори дохили ҳавопаймо комиссияи вакилон ташкил шавад. Мақомоти расмии Қирғизистон гуфт, ҳавопаймо барои гирифтани сӯзишворӣ мехост ба замин нишинад, аммо роҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Ота Макон" ба ин шубҳа кард. Натиҷаи кори комиссия ҳоло дақиқ нест.

Баъдтар Текебоев бо айби даст доштан дар фасод ва қаллобӣ боздошт шуд. Зимни баррасии боздошти Текебоев дар порлумон роҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Онугуу-Прогресс" Бакит Торобоев пешниҳод кард, ки вакилон бо хоҳиши худ пароканда шаванд, агар порлумон наметавонад чунин масъалаҳои ҷиддиро баррасӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG