Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ имзо карданд


Ашқобод ва Тошканд ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангии бештарро дар амри иҷрои тарҳҳои марбут ба амнияти энержӣ ва рушди иртибототи нақлиёти транзитӣ густариш диҳанд. Чунин мувофиқа дар музокироти нахустини расмии президентони Туркманистон ва Узбакистон - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Шавкат Мирзиёев ҳосил шуд, ки рӯзи 6 март дар шаҳри Ашқобод ҷараён гирифт. Тавре сайти ҳукумати Туркманистон хабар медиҳад, манзур аз ин тарҳҳо – барномаи бунёди лӯлаи гази Туркманистан-Узбакистон-Қазоқистон-Чин ва ҳам интиқоли нирӯи энержӣ тавассути хати барқи масири Туркманистан-Узбакистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистан аст.

Инчунин дар мулоқоти ду раҳбар вазъи амниятии минтақа баррасӣ шудааст. Ҳарду ҷониб ба ҳамкории бештар дар мубориза зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромарзӣ ва қочоқи маводи мухаддир изҳори омодагӣ карданд. Ҷонибҳо гуфтаанд, ки ҳалли мусолиматомез ва сиёсии мушкилоти Афғонистон ва роҳандозии музокироти бисёрҷониба барои расидан ба ваҳдати миллӣ дар ин кишвар ҳастанд.

Туркманистон ва Узбакистон гуфтанд, ки барои тақвияти сулҳ дар Афғонистон ва ҷараёнҳои иқтисодиву сиёсии дигар дар ин кишвар омодаанд ба Кобул кӯмаки ҳамаҷониба кунанд. Дар поёни музокироти ду раҳбар изҳороти муштарак дар заминаи ҳамкориҳои стратегӣ қабул шуд ва созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии байни ду давлат барои солҳои 2018-2020 ба тасвиб расид. Дар масъалаи ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт ва фарҳанг ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG