Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико нашри акси занҳои туфангдорони дарёӣ дар шабакаҳоро таҳқиқ мекунад


Нерӯҳои дарёгарди ИМА
Нерӯҳои дарёгарди ИМА

Хадамоти таҳқиқи ҷиноятҳои Нерӯҳои Ҳарбии Дарёгарди ИМА садҳо туфангдорони дарёгардро (морпех), ки акси урёни занҳои ҳамкор ва ветеранҳои ин нерӯро дар гурӯҳи маҳдуди Фейсбук нарш кардаанд, мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳад.

Ба навиштаи нашрияи The War Horse, дар гурӯҳи Marines United, ки ба он 30 ҳазор мард аъзо буд, якҷо бо акси занон маълумоти хусусии онҳо- ному насаб, рутбаи ҳарбӣ, макони хизмат ва адреси саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ин гурӯҳ ҳамчунин барои дарёфти аксҳои бештари занҳони туфангдори дарёӣ, линки Google Drive пешниҳод кард. Ба навиштаи матбуоти ИМА аксҳоро ё дӯстони пешини ин занҳо нашр карданд, ё саҳифа мавриди рахнагарӣ қарор гирифт ва ё аксҳо бо роҳи дигар дастрас шуданд.

Дар Нерӯҳои Ҳарбии Дарёгарди ИМА ин хабарро тасдиқ карданд. Вазораи дифои ИМА гуфт, ки ин вазъият занҳои низомиро таҳти таҳдид қарор медиҳад ва ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. Феълан бо дархости Хадамоти таҳқиқи ҷиноятҳо, саҳифаи занҳои туфангдори дарёӣ аз Фейсбук ва Google Drive бардошта шуд. Як низомӣ, ки линки Google Drive-ро дар ин гурӯҳ нашр карда буд, аз хизмат дур карда шуд.

XS
SM
MD
LG