Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 нафар дар як синф ва 8 километр роҳ то мактаб. ВИДЕО


Роҳе, ки муҳассилин ба мактаб мераванд, роҳи пур аз мошин аст ва ҷойи пиёдагардон ҳам надорад.
Роҳе, ки муҳассилин ба мактаб мераванд, роҳи пур аз мошин аст ва ҷойи пиёдагардон ҳам надорад.

Дар як мактаби ноҳияи Рӯдакӣ, ки фақат барои таҳсили 800 нафар пешбинӣ шудааст, 3 ҳазор нафар дарс мегиранд. Дар баъзе синфҳо то 50 нафар ҳам таҳсил мекунанд.

Роҳи дуру хатарнок, таҳсил бе ҷойи нишаст ва дарсҳои номукаммал чанд мушкили беш аз ду ҳазор муҳассили деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ, дар 20 километрии пойтахти Тоҷикистон аст. Бачаҳои ин деҳаи бузург, ки ба чанд маҳалла тақсим мешавад, барои расидан ба мактаб аз чаҳор то ҳашт километр роҳро тай мекунанд.

Замоне, ки мо ба ин ҷо рафтем, Гулҷаҳон Қодирова, сокини маҳаллаи Истиқлол-3 ду фарзандашро бо панҷ ҳамсоли дигари бачаҳояш ба мактаб мебурд. Шавҳари ин зан мисли садҳо марди тоҷик дар Русия муҳоҷири корӣ аст ва тарбияи фарзанд ба дӯши ӯст.

Навбатдорӣ барои ба мактаб бурдани кӯдакон

Гулҷаҳон Қодирова мегӯяд, ҳамеша нигарони бачаҳояшон ҳастанд.
Гулҷаҳон Қодирова мегӯяд, ҳамеша нигарони бачаҳояшон ҳастанд.

Гулҷаҳон мегӯяд, роҳе, ки хонандагонро то мактаби 15-и ноҳияи Рӯдакӣ мебарад, аз соҳили рӯди Кофарниҳон мегузарад. Ҳаракати мошинҳои боркаш, ки сангу шағал мекашанд, роҳҳоро хароб кардааст ва равуои хонадагон низ аз ин роҳи пур аз мошинҳои боркаш бехатар нест. Гулҷаҳон ҳар рӯз бо ҳамсояҳо кӯдаконро бо навбат то мактаб мерасонад.

“Гоҳҳо мешавад, пул намеёбем ва гоҳо мошин намеёбем. ки фарзандонамонро, мактаб барем. Мо мебинем, ки қишлоқҳои дурдаст ҳама мактаби замонавӣ доранд, вале мо, ки дар наздики пойтахт зиндагӣ мекунем, шароит барои таҳсили фарзандонамон надорем” –мегӯяд, ӯ.

Бачаҳоро ба навбат ҳамсояҳо ҳамроҳӣ мекунанд.
Бачаҳоро ба навбат ҳамсояҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Волидайн фарзандони худро то мактаб мебаранд, бегоҳ худашон бармегарданд. Моҳинав Ҳусейнова, ки ду фарзандаш дар мактаби рақами 15 таҳсил мекунад, мегӯяд, то бозгашти фарзандонаш ҳазор фикру хаёл дар сараш мечархад.

Арафамоҳ Давлатова, сокини дигари ин маҳалларо ояндаи набераҳояш нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, дар солҳои наздик чаҳор наберааш бояд ба мактаб биравад, вале ӯ аз ҳоло барои онҳо ғам мехӯрад.

Мактабе созанд, ки кӯдакони мо аз хатари зери чархи мошини онҳо мондан наҷот ёбанд.

Маҳмадшариф Гулмуродов, сокини яке аз маҳаллаҳои “Истиқлол” мегӯяд, борҳо дар роҳ ҳангоми бозгашт хонандаҳо зери чархи мошин мондаанд. Барои ҳамин ҳамеша волидайн аз роҳи дароз рафтани фарзандонашон нигаронанд. Ӯ мегӯяд, роҳи ин мактабро мошинҳое, ки сангу шағал мекашанд, хароб кардаанд.

“Ақлан бояд ин ширкатҳои истеҳсоли сангу шағал роҳи моро обод кунанд ва ё мактабе созанд, ки кӯдакони мо аз хатари зери чархи мошини онҳо мондан наҷот ёбанд” - мегӯяд, ӯ.

Як курсӣ барои се хонанда

Дар ҷамоати Турсунзодаи ноҳияи Рӯдаки панҷ маҳаллаи навбунёди Истиқлол аст, ки бештар аз даҳ сол аст, мактаб надоранд. Ду сол пеш дар маҳаллаи Истиқлол-3 бо кӯмаки сокинон сохтмони як мактаби хурд оғоз шуд, вале бинобар камбуди маблағ ба анҷом нарасидааст.

Сарвиноз, хонандаи синфи нӯҳи ин мактаб мегӯяд, ҳамеша дар дарсҳо дер мекунад.

“Доим дарси ба дарси якум ё дуюм расида наметавонем. Роҳ дароз аст” - мегӯяд, ӯ.

Ғайратшоҳ Ҳусейнов мегӯяд, мушкилоти мактаб маълум аст, дар фикри ҳалли он ҳастанд.
Ғайратшоҳ Ҳусейнов мегӯяд, мушкилоти мактаб маълум аст, дар фикри ҳалли он ҳастанд.

Агар бирасад, ҳам гоҳе ҷой барои нишастан намеёбад. Ғайратшоҳ Ҳусейнов, директори мактаби 15 ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан дар як синф аз 35 то 50 нафар таҳсил мекунад ва на ҳама хонандагон ҷойи нишаст доранд.

“Ин мактаб барои 900 нафар хонанда аст, вале ҳоло наздик ба 3 ҳазор нафар ин ҷо таҳсил мекунад. Дар ҳақиқат аз ҷои нишаст танқисӣ дорем.”

Дарс як дақиқа

Омӯзгорон мегӯянд, аз сифати корашон ризо нестанд, чун бинобар бисёрии хонандагон наметавонанд, ба онҳо дуруст дарс бидиҳанд.

“Бубинед, ки дар мактаб бо 50 хонанда якбора кор кардан чӣ қадар мушкил аст. Аз рӯи барнома бояд мо панҷ қисмро гузаронем. Бовар кун, барои як хонанда як дақиқа намерасад” –мегӯяд, Амалбегим Саидқадамова, муовини директори мактаби 15.

Соҳибназар Сафаров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ҳоли мактаб хабар доранд ва ба сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ чунин вазъ пеш омадааст.

50 нафар дар як синф ва ҳашт километр роҳ барои расидан ба мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

”Аз ин мушкил вазорати маориф низ хабар дорад. Соли гузашта мо дар ноҳия мактабҳои нав ба истифода додем ва солҳои оянда низ сохтани мактаб дар назар аст. Ин мушкил ба оҳистагӣ роҳи ҳали худро пайдо хоҳад кард - гуфт, мудири шӯъбаи маориф.

Ноҳияи Рӯдакӣ дар канори пойтахт яке аз сераҳолитарин ноҳияҳои Тоҷикистон ва дар он тақрибан ним миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ноҳия 109 ҳазор мактаббача таҳсил мекунад, теъдоде, ки дар ҳеҷ яке аз ноҳияҳои кишвар намебинед.

XS
SM
MD
LG