Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев дар пасманзари таниши сиёсӣ ба порлумон "ҳамла" кард


Бишкек - Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ бо Владимир Путин, президенти Русия. 28 феврали соли 2017.

Бишкек - Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ бо Владимир Путин, президенти Русия. 28 феврали соли 2017.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба қонунгузорони порлумон, ки дар робита ба бори ҳавопаймои суқуткарда дар канораҳои Бикек аз ӯ гумонбар шудаанд ҳамла кард ва гуфт, ки порлумон бояд пароканда шавад.

Отамбоев рӯзи 6 март гуфт, қонунгузорон "овоза паҳн мекунанд, ки бори ҳавопаймо ба ӯ ва ҳамсараш таалуқ дорад ва дар замина батакрор истеъфои ӯро талаб мекунанд.

Суқути MyCargo 774-400 чаҳор сарнишин ва 35 нафарро дар замин қурбон кард. Суқути ҳавопаймо шоияҳоро дар мавриди соҳиби бор ва масири ниҳоии он ба миён овард.

Суханони Отамбоев дар пасманзари ташаннуҷи сиёсӣ дар Қаирғизистон дар заминаи боздошти Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби мухолифини "Ота Макон" садо доданд, ки фасодкорӣ муттаҳам шудааст.

Вакили Текебоев боздошти ӯро талоше барои ҷилавгирӣ аз пахши санадҳое медоданд, ки ба президент Отамбоев ва ҳамсари ӯ таалуқ доштани борро собит мекунанд.

Ахиран ҳизби "Ота Макон" Текебоевро номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG