Пайвандҳои дастрасӣ

Мушакҳои Куриёи Шимолӣ дар қаламрави Ҷопон афтодаанд


Телевизиони Куриёи Ҷанубӣ дар бораи партоби мушак аз Куриёи Шимолӣ хабар медиҳад.

Телевизиони Куриёи Ҷанубӣ дар бораи партоби мушак аз Куриёи Шимолӣ хабар медиҳад.

Нахуствазири Ҷопон гуфт, аз чаҳор мушаки балластикии партобкардаи Куриёи Шимолӣ сетои он дар қаламравҳои обии кишвараш афтодаанд. Шинзо Абе дар ин бора рӯзи 6 –уми март зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони порлумон сухан гуфт.

Вай афзуд:" Куриёи Шимолӣ чаҳор мушаки балластикиро тақрибан ҳамзамон партоб кард. Мушакҳо тақрибан 1000 километр парвоз карданд ва сетои он дар қаламрави махсуси иқтисодии кишвари мо афтоданд."

Артиши Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки чанд мушаки партобшуда дар Баҳри Ҷопон суқут кардаанд. Ба гуфтаи артиш, Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико иттилоот дар бораи мушакҳоро барои маълум кардани ҷузъиёт таҳқиқ доранд.

Ҳванг Кйо Ан, раиси ҷумҳури муваққати Куриёи Ҷанубӣ, дар робита ба ин партобҳо ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии кишварро баргузор кардааст. Маълум нест, Куриёи Шимолӣ кадом навъи мушакҳоро партоб кардааст, аммо дар чанд моҳи гузашта ин кишвар чанд мушаки балластикиро озмоиш кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG